Муносибати НАТО бо Тоҷикистон
Муносибати НАТО бо Тоҷикистон бояд аз дидгоҳи барномаи Партнерӣ Барои Сулҳ, ки мамлакат ба он дар соли 2002 ҳамроҳ шуд, баррасӣ шавад. НАТО ва Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ҳамкории фаъолона доранд ва дар соҳаҳои мухталифи дигар низ ҳамкории амалӣ барқарор намудаанд. Барномаи Фардии Партнерӣ (БФП) нақшаи ҳамкориҳоро байни НАТО ва Тоҷикистон матраҳ мекунад.
Дар чаҳорчӯби фаъолияти барномаи Партнерӣ Барои Сулҳ (ПБС), Тоҷикистон дар якчанд чорабиниҳо аз рӯи ин барнома иштирок менамояд.
Ҳамкорӣ чӣ гуна дар ҳаёт амалӣ мегардад?
Муколама дар чаҳорчӯби Шӯрои Ҳамкории Авро-Атлантик (EAPC) сурат мегирад. Намояндаи махсуси Муншии Куллии НАТО дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, Сафир Роберт Ф. Симмонс, тавассути сафарҳои мунтазами хеш ба мамлакат бо ҳукумати Тоҷикистон муколамаи воломақоми сиёсиро анҷом медиҳад. Афсари тамосии НАТО дар Осиёи Марказӣ низ мунтазаман ба Душанбе сафар мекунад ва ҳамкориҳоро бо ҳукумат баррасӣ менамояд.
Тавассути Барномаи Фардии Партнерӣ (БФП), НАТО ва Тоҷикистон ҳамкории амалиро дар як чанд самт вусъат медиҳанд, ки ҷонибҳо нақшаи онро барои муддати ду сол ба тасвиб расонидаанд. Самтҳои асосӣ иборат аз ҳамкорӣ оиди бехатарӣ ва ҳифзи сулҳ, хусусан амалиёти зиддитеррористӣ ва бехатарии сарҳадот, идоракунии кризисҳо ва банақшагирии ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳрвандӣ мебошанд.
Ҳамкорӣ дар самти бехатарӣ
Тавассути ҷойгир намудани тайёраҳои ҳарбии Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе, Тоҷикистон дар самти дастгирии амалиёти Иттифоқчиён дар Афғонистон нақши муҳимро дорост. Иттифоқчиён ва Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ низ ҳамкорӣ доранд. НАТО ба мамлакат оиди кӯшишҳои он барои созмон додани курси омӯзиш дар бораи мубориза алайҳи терроризм дар Донишкадаи Ҳарбии Вазорати Мудофиа кӯмак мерасонад. Инчунин, Тоҷикистон мубодилаи таҷриба ва иттилооти дахлдоррро бо Иттифоқчиён амалӣ менамояд.
Тоҷикистон якчанд воҳидҳои низомиро муайян кардааст, ки барои дар амалиёт ва машқҳои низомии НАТО/ПБС ширкат варзидан омодаанд. Иштирок дар ҳар як ҳолати алоҳида қарордоди давлатро талаб мекунад. Ба ин воҳидҳо як взводи пиёдагард барои дастгирии фаъолияти ПБС дар қаламрави Тоҷикистон, як гурӯҳ афсарони ситод ва як гурӯҳ пизишкони низомӣ мансубанд. Инчунин, Тоҷикистон беҳтар сохтани ҳамкориро бо Иттифоқчиён дар самти тозакунии минаҳо дар назар дорад. Мамлакат дар як идда машқҳои ПБС бо иттифоқчиёни НАТО ва дигар мамолики шарик иштирок намуд.
Ислоҳот дар соҳаи мудофиа ва амният
Тоҷикистон мехоҳад, ки дорои назорати бардавом ва босамараи демократӣ аз болои қувваҳои мусаллаҳи худ бошад. Дар машварат бо Иттифоқчиён, мамлакат қавоиди ҳамкориро байни ҳукумат, парлумон ва мақомоти низомӣ таҳия карда истодааст. Инчунин, мамлакат дар раванди ислоҳкунии қувваҳои мусаллаҳи худ қарор дорад. Раванди ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ПБС барои ноил шудан ба ин мақсадҳо ва баланд бардоштани қобилияти мамлакат оиди иштирок дар амалиёти истиқрори сулҳ дар ҳамдастӣ бо қувваҳои НАТО кӯмак менамояд.
Иттифоқчиён ҳозиранд, ки ба Тоҷикистон оиди беҳдошти сиёсат, стратегия ва қонунгузорӣ дар ин ҷабҳа машварат пешниҳод намоянд. НАТО инчунин омада аст, ки талошҳои мамлакатро оиди бозсозӣ ва сафарбарнамоии захираҳои мувофиқи давлатӣ дастгирӣ намояд. НАТО ва Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар самти пурзӯр намудани бехатарии сарҳадот ва муқовимат ба ҷинояткории сарҳадгузар, алалхусус интиқоли маводи мухаддир, идома медиҳанд.
Таълими низомӣ яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ аст, ва дар айни замон корҳои якҷоя оиди таҳияи барномаҳои таълимӣ дар чунин соҳаҳо ба монанди амният ва назорати сарҳадот ва омӯзиши забонҳо, амалӣ шуда истодаанд. Ҳамкории НАТО ва Тоҷикистон оиди омӯзонидани нафарони мунтахаб аз ин мамлакат дар самти фаъолиятҳои мансуб ба НАТО ва ҷорисозии эҳтимолии стандартҳои Созмон дар низоми таълими ҳарбии мамлакат давом ёфта истодааст. Тоҷикистон афсарони худро барои иштрок дар курсҳои шиносоӣ бо НАТО ва курсҳои гуногуни дигар ба мактаби НАТО дар Оберрамергау фиристодааст.
Банақшагирии ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳрвандӣ
Тоҷикистон дар ҳоли шиносоии бештар бо ташкил ва тартиботи рафъи оқибатҳои фалокатҳо аз ҷониби мамолики Созмон қарор дорад, то ин ки қобилияти хешро дар ин ҷабҳа баландтар намояд. Мамлакат созмон додани маркази худро дар самти амалиётҳои рафъи оқибати фалокатҳо ва як воҳиди хурди ба талаботи НАТО ҷавобгӯро дар назар дорад.
Иттифоқчиён бо Тоҷикистон дар самти таҳияи низоми огоҳсозии пешакӣ дар бораи офатҳои табиӣ кор бурда истодаанд. Намояндагон аз Тоҷикистон дар курсҳои ҳамкории шаҳрвандӣ-низоми тактикӣ ва амалиётӣ, ки аз тарафи НАТО гузаронида шуд, иштирок варзиданд.
Илм ва муҳити зист
Дар доираи барномаи НАТО - Илм барои Сулҳ ва Амният (SPS), олимони Тоҷикистон грантҳои мукофотӣ гирифтанд. Дар соли 2006, грант барои инфраструктураи шабакавӣ бо мақсади такмили шабакаи минтақавии ҳамкорӣ дар Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ҷудо карда шуд.
Инчунин, ҳамкориҳо бо НАТО ва мамолики дигари ҳамкорикунанда оиди истихроҷи уран ва амнияти муҳити зист амалӣ мегардад ва нақшаҳои нави SPS дар сатҳи омодасозӣ қарор доранд.
Тоҷикистон ҳамчунин дар нақшаи Роҳи Абрешими Виртуалӣ иштирок мекунад, ки ҳадафи он афзун кардани дастрасӣ ба интернет барои доираҳои академӣ ва тадқиқотӣ дар мамолики Қафқоз ва Осиёи Миёна, тавассути шабакаи моҳворавӣ мебошад.
Иттилоти ҳамагонӣ
Тоҷикистон ва НАТО оиди афзоиши тафоҳуми НАТО дар ҷамъият ва фоидаи ҳамкорӣ якҷоя кор мекунанд. Мамлакат инчунин ният дорад, ки огоҳии оммаро оиди дастгирии ислоҳоти мудофиа ва амният баланд бардорад.
Оиди созмондиҳӣ ва такмили шабакаҳо бо донишгоҳҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва матбуоту васоити ахбори омма корҳо идома доранд, то ки вуқуф оиди Созмон ва масоили амнияти Евро-Атлантикӣ баланд бардошта шавад.
НАТО фаъолияти омӯзишро, ки ба мудофиа ва амният мансуб аст, дастгирӣ мекунад. Дар моҳи июли соли 2006 ва 2007, Бахши Дипломатияи Ҷамъиятии НАТО мактаби тобистонаеро, ки донишҷӯёни пешсафро аз тамоми мамлакат ва берун аз он барои омӯзиш ва муҳокимаи масоили амнияти байналмиллалӣ ҷамъ овард, сарпарастӣ намуд.
Дар моҳи июли соли 2006, як гурӯҳ аъзоёни парлумон ва рӯзноманигорони мамлакт аз ситоди марказии НАТО дидан карданд. Гурӯҳи шахсони расмии ҳукумати Тоҷикистон ба ситоди марказии НАТО дар моҳи сентябри 2007 ташриф оварданд.
Ҳамкориҳо бо Тоҷикистон чӣ гуна таҳаввул ёфтанд?
Муносибати Нато ва Тоҷикистон аз соли 1992 сарчашма мегирад, ки он вақт мамлакат ба Шӯрои Ҳамкории Атлантикаи Шимолӣ (баъдтар, дар соли 1997 Шӯрои Ҳамкории Авро-Атлантик номгузорӣ карда шуд) ҳамроҳ шуд. Дар соли 2002 Тоҷикистон ба барномаи Партнерӣ Барои Сулҳ ҳамроҳ шуд, то бо Иттифоқчиён дар самтҳое, ки оиди онҳо ҳадафҳои муштарак мавҷуданд ҳамкорӣ намояд. Пас аз ҳамроҳ шудан ба ПБС, Тоҷикистон дар чорабиниҳои ПБС ширкат варзид, дар ин ҷода диққати махсус ба самтҳои фармондеҳӣ ва назорат, банақшагирии ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳрвандӣ ва ҳамкории байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низомиён равона карда шуда буд. Барои боз ҳам васеътар кардани ҳамкорӣ имконот вуҷуд доранд.